5 сабабҳо барои қабули магнийи иловагӣ

5 дақиқахондан

5 дақиқаи хондан

 

Магний чист ва барои чӣ он ин қадар муҳим аст?

Магний – ин яке аз ҳафт микроунсурҳои асосӣ мебошад, ки ба организми шумо барои кори оптималии он зарур аст. Ин микроунсури муҳим барои коркарди энергия, кӯтоҳшавии мушакҳо, интиқоли импулсҳои асаб, танзими сатҳи шакар дар хун ва бисёри дигар зарур аст. Барои оғози қабули иловагии магний сабабҳои зиёд мавҷуданд. Дар поён 5 муҳимтарини онҳо номбар гардидаанд:

 

5 сабабҳои зиёдкунии қабули магний

 

1. Аксарияти одамон миқдори кофии магнийро намегиранд

Тибқи Барномаи миллии тафтиши саломатӣ ва ғизо, 79% калонсолон тавсияи парҳезшиносонро нисбати қабули магний риоя намекунанд. Тағйироти иқлим ва омилҳои дигари таъсиркунанда ба сифати хок ба он меоранд, ки ғизои мо миқдори ками магнийро нисбат ба гузашта доро аст. Ҳамин тариқа, ҳатто ғизои шумо мутавозин бошад ҳам, миқдори кофии онро гирифтан он қадар осон нахоҳад буд. Барои ҳамин духтурон қабули иловаҳои ғизогӣ бо магнийро тавсия медиҳанд.

 

 

2. Магний қувваи устухонҳо ва мушакҳоро дастгирӣ мекунад

Тақрибан 60% аз миқдори умумии магний дар организми шумо дар устухонҳо мавҷуд аст. Магний дар нигоҳдории зичии минералии устухонҳо нақши муҳим мебозад, ки барои нигоҳдории мустаҳкамии бофтаи устухонӣ имкон медиҳад. Инчунин қобилияти нигоҳдории қувва ва яклухтии мушакҳо, хусусан дар варзишгарон ва одамони куҳансол исбот карда шудааст.

 

3. Сатҳи солими шакарро дар хун нигоҳ медорад

Магний дар назорати сатҳи хун ва метаболизми инсулин нақши муҳим мебозад. Таҳлили системавӣ нишон дод, ки иловаи магний барои нигоҳдории сатҳи соли шакар дар хуни одамон бо сатҳи пасти он мусоидат карда метавонад.

 

4. Саломатии системаи дилу рагро нигоҳ медорад

 

Дил ва рагҳои шумо яке аз мушакҳои ба таври интенсивӣ коркунандаи организмро доро аст, ки шабонарӯзӣ хунро алвонҷ медиҳад. Мушакҳои суфта дар рагҳои хунгард барои танзими фишори артериалӣ ва назораткунии ҷараёни хун ёрӣ медиҳанд. Магний барои нигоҳдории қувва ва кори ин мушакҳои ба таври интенсивӣ коркунанда мусоидат мекунад.

 

5. Саломатии системаи асабро нигоҳ медорад

Магний дар интиқоли импулсҳои асаб нақши муҳим мебозад. Барои ҳамин магний метавонад дар кори майнаи сар ва танзими кайфият нақши асосӣ бозад. Магний инчунин дар гирифтани стресси эпизодикӣ ва нигоҳдории кайфияти ороми суст ёрӣ расонида метавонад.

 

Алоқа байни витамини D ва магний

 

Магний ва витамини D функсияҳои пуркунандаи байниҳамдигариро иҷро мекунанд. Витамин D барои ҷаббиши нисбатан самараноки магний аз рӯда ба хун мусоидат мекунад. Магний, дар навбати худ, барои ҳамлу нақли витамини D дар хун ёрӣ мерасонад ва барои гузариши витамини D ба шакли фаъол зарур аст.

 

Ҳам магний, ҳам витамини D худ масунияти солим, кори системаи асаб ва мустаҳкамии устухонҳоро нигоҳ дошта метавонанд. Ҳангоми қабули ҳамҷояи витамини D ва магний, ин ду унсур таъсири якдигарро дар организм дастгирӣ карда метавонанд.

 

Витамин D3 аз Solgar®: капсулаҳо витамини баландазхудшавандаи D3 доранд, ки барои нигоҳдории системаи асаб, қувваи устухонҳо ва кори системаи асаб ва мушакҳо ёрӣ мерасонанд.

 

Сарчашмаи магний

Ба растаниҳо магний барои рушд лозим аст. Аслан, магний – ин ҷузъи марказии хлорофилл, молекулаи масъул барои фотосинтез мебошад, ки ба сабзии барг ранги сабзи банур мебахшад. Айнан барои ҳамин сабзавоти баргӣ аз магний ғанӣ мебошанд.

 

Маҳсулоти ғанӣ аз магний:

 

  • Лӯбиёгиҳо: лӯбиёи сиёҳ, лӯбиёи саби соя
  • Кабутии баргӣ: испаноқ, карами баргӣ
  • Дони яклухт: ярмаи ҷав, гандуми донааш яклухт
  • Чормағзҳо ва тухмиҳо: чормағзи заминӣ, бодом, кешю, донаҳои каду, тухмиҳои чиа
  • Маҳсулоти дигар: шоколади тира, авокадо

 

Иловаҳои ғизоӣ бо магний

Вояи шабонарӯзии магний, ки ба калонсолон тавсия дода шудааст, 310-420 мг-ро ташкил медиҳад. Чӣ тавре ки баромадан ба ин нишондиҳанда ба таври истисноӣ аз ҳисоби парҳез душвор буда метавонад, иловаи ғизо бо магний вояи шабонарӯзиро то сатҳи лозимӣ расонида метавонад.

Иловаҳои ғизогӣ бо магний бештар ситрати магнийро дарбар мегиранд.

 

Ситрати магний

 

Ин шакли магний аст, ки бо туршии лимӯ алоқаманд буда, дар меваҳои ситрусӣ мавҷуд мебошад. Пайвасткунии магний бо туршии лимӯ ҷаббишро пурзӯр карда, ин шакли магнийро нисбат ба дигарон биодастрастар мекунад.

 

Ин бо шарофати қобилияти ситрат ба табдилёбии пурра ба гази карбон ва об, бо дастраскунии миқдори максималии магний ба рӯда, баъдан ба дохили ҳуҷайраҳо имконпазир аст. Ситрати магний ба барангезиши пардаи луоби аъзои ҳозима оварда намерасонад, татбиқи ин шакл имконпазир аст, инчунин барои одамон бо сатҳи пасти туршии меъда. Вобаста ба ин онро дар синни болиғ ва калонсол барои қабул тавсия медиҳанд. Магний аъзои ҳозимаро бо роҳи ҳамлу нақли фаъол дар гурдаҳо тарк мекунад. Ситрат дар ишқоркунии пешоб иштирок карда, ба ташаккули сангҳои оксалатӣ монеъа мешавад, ки ин шаклро барои одамон бо хатари баланди ҳосилшавии сангҳо афзалиятнок мекунад. Ҳамҷоягии ин хусусиятҳо таҳаммулпазирии беҳтар, бе таъсир ба меъда ва рӯда ва самаранокии қабули шакли ситратии магний тавсиф медиҳад.

 

 

Ситрати магний дар ҳабҳо аз Solgar®: Ин ҳабҳо магнийи баландазхудшавандаи ёридиҳанда барои нигоҳдории саломатии устухонҳо, кори мушакҳо ва дастгирии сатҳи энергия дар ҳуҷайраҳоро доранд.

 

Бо ҷамъбасткунии гуфташудаҳо

 

Магний – ин омили асосии кори бетаваққуфи организми шумо, хусусан, дил, устухонҳо, асабҳо ва мушакҳо аст. Мутаассифона, ин минералро ҳосил кардан душвор аст. Зиёдкунии истеъмоли магний бо ғизо ва қабули иловаҳои ғизоӣ организми шуморо бо миқдори кофии он таъмин карда метавонад.