Масуният – ин системаи муҳофизати организм аст, ки барои воридшавии агентҳои инвазивӣ амали зид доранд. Ин системаи душвор аз як қатор ҷузъҳо иборат аст ва тамоми организмро – аз пӯст то лейкотситҳо дарбар мегирад, ки ҳолати оптималии саломатиро дастгирӣ мекунанд. Вале организм дар бораи сустшавии системаи масуният сигналҳо дода метавонад.
Аломатҳоеро баррасӣ мекунем, ки оиди зарурияти дастгирӣ ба системаи масуният шаҳодат медиҳанд, ва хоҳем донист, ки дар ин ҳолат чӣ бояд кард.
Омилҳое, ки ба масуният таъсири манфӣ доранд.Ба сатҳи масуният омилҳои зиёд таъсир расонида метавонад, ки таҳти онҳо ба он дастгирӣ талаб карда мешавад:
Аломатҳои он, ки ба системаи масуният дастгирӣ лозим аст1. Муаммоҳо бо ҳозима
Системаи масуният ва ҳозима байни ҳамдигар алоқаи зич доранд.
Аслан, 70% системаи масуният дар рӯдаҳо ҷойгир аст, айнан дар бофтаи рӯдаӣ-ассотсиатсиягардиаи лимфоидӣ (КАЛТ) мавҷуд мебошад. КАЛТ аз ҳуҷайраҳои масуният, ба монанди ҳуҷайраҳои Т ва В, макрофагҳо, ҳуҷайраҳои истеҳсолкунандаи антиген ва ғайра иборат аст.
Дар оқибати ин алоқаи зич, системаи солими ҳозима барои нигодоҳрии масунияти солим мусоидат мекунад. Ин инчунин маънои онро дорад, ки муаммоҳои зиёд бо ҳозима, масалан, дарунравӣ, газҳо, қабзият, дар бораи вайроншавии системаи масуният шаҳодат дода метавонанд.
Истеъмоли миқдори зиёди клетчатка, об, қабули пробиотикҳо барои нигоҳдории саломатии системаҳои ҳозима ва масуният имкон медиҳад.
2. Хастагии беохир
Маълуми омма аст, ки зарурияти бисёр кор кардан ва ба хоб сер нашудан ба хасташавии баландшуда оварда мерасонад. Вале агар дар миқдори кофии хоб чун пештара хастагӣ эҳсос карда шавад, организм бо ягон усул чизе гуфтанӣ аст.
Вақте ки системаи масуният сарбориро эҳсос мекунад, ин ба сатҳи бақувватӣ таъсири манфӣ расонида метавонад. Организм барои сарфакунии энергия барои мубориза бо микроорганизмҳои патогенӣ кӯшиш мекунад, дар натиҷаи он эҳсоси хастагӣ, ки аз давомнокии хоб вобаста намебошад, ба миён меояд.
Агар ин ҳолати шумо бошад, он гоҳ сарбориҳои худро бояд паст намуда, хоби хубро аз корҳо бояд афзалтар донист.
3. Сироятҳои зуд-зуд
Организм мунтазам бо шумо муошират мекунад. Агар шумо сироятҳои зуд-зудро эҳсос кунед, ин аломати он буда метавонад, ки организм дар бораи вайроншавии масуният хабар медиҳад.
Агар шумо эҳсос кунед, ки нозукии шумо дар назди сироятҳо афзудааст, ҳатман бо духтур маслиҳат бояд кард.
4. Сатҳи зиёдатии стресс
Тасодуфӣ нест, ки баъд аз лоиҳа, имтиҳони муҳим ё ки ҳолати ташвишовар дар оила одам бемор мешавад.
Ҳолати давомнок ё ки мунтазам такроршаванда аксуламаи масуниро суст карда метавонад. Инчунин одамони синну соли калон ё ки онҳое, ки аллакай бемор мебошанд, ба тағйиротҳо дар системаи масуният зери таъсири стресс бештар дучор мегарданд.
Қобилияти аз уҳдаи стресс баромадан на танҳо барои саломатии солимӣ ва беҳбудӣ, вале барои саломатии ҷисмонӣ низ муҳим аст. Муошират бо одамони наздик ё ки мутахассис, ҷудокунии вақт барои ғамхорӣ оиди худ ва қабули нутриентҳои зарури ёридиҳанда барои аз уҳдаи стресс баромадан, усули хуби суфтакунии самараҳои ҷисмонӣ ва руҳӣ аз стресс мебошанд.
Системаи масуниятро чӣ тавр бояд нигоҳ дошт
1. Қабули иммуномодуляторҳо
Витамини C, витамини D, рух ва витамину минералҳои дигар барои дастгирии системаи солими масуният заруранд.
Витамини D3 Solgar барои мустаҳкамии масуният мусоидат мекунад. Хелати рух Solgar барои нигоҳдории масуният, баландшавии муқовимати организм ба таъсири омилҳои беруна мусоидат карда, муҳофизати антиоксидантиро таъмин мекунад. Иммуно-комплекс Эстер-С плюс – шакли бещамтощи витамини D3 ва рух барои дастгирии иловагии масуният, инчунин малисо, эхинатсея ва астрагалро дарбар мегирад.
2. Истеъмоли маҳсулоти ғизоии мусоидаткунанда ба дастгирии системаи масуният
Ғизои мутаваззун умуман ба организм, аз он ҷумла, системаҳои масуният ва ҳозима таъсир мерасонад. Миқдори зарурии маҳсулотҳои ғанӣ аз витамини С, масалан, ситрусиҳо, испаноқ ё ки қаламфури булғориро истеъмол кардан зарур аст.
3. Сарбориҳои мунтазами ҷисмонӣ
Дав, шиноварӣ ё ки кор дар боғ – ҳамаи ин аҷиб аст! Дар вақт ва баъд аз машқҳои ҷисмонӣ озодшавии ситокинҳои зиддиилтиҳобӣ рух дода, гардиши ҳуҷайраҳои масуният беҳтар мегардад ва ба баландшавии дастгирии масуниятӣ оварда мерасонад.
4. Миқдори кофии хоб
Камбудии хоб на танҳо ба хоболудӣ дар рӯзи дигар оварда мерасонад. Он боиси вайроншавии амаликунии оптималии системаи масуният шуда метавонад. Азт 8 то 10 соат хоб ҳар шаб барои таҳкими саломатӣ мусоидат мекунад.
Хулоса
Омилҳои зиёд – аз ғизои бад то танҳоӣ – ба системаи асаб таъсири манфӣ расонида метавонанд. Муаммоҳо бо ғизо, хастагӣ, ҷароҳатҳои суст сиҳатшаванда, стресси сахт, сироятҳо ва зукомҳои зуд-зуд – ҳамаи ин аломатҳои он аст, ки ба системаи масуният дастгирӣ лозим аст.
Хушбахтона, барои боварӣ доштан ба амалкунии омтипалии он усулҳои зиёдҳои дастгирии масуният мавҷуд аст.
|
Маҳсулоти
АЗ РӮИ САМТҲО
НАМУДҲОИ МАҲСУЛОТ
АЗ КУҶО
БОЯД ХАРИД
БОЯД ХАРИД
Маҳсулот ()
ҳамаашро дидан