ЧӢ ТАВР БОЯД ФАҲМИД, КИ БА КӮДАК ВИТАМИНҲО ЛОЗИМАНД?

6 дақиқахондан
 

Ғизои кӯдак аз нуқтаи назари гуногунии витаминҳо ва минералҳо — мавзухи алоҳидаи мураккаб аст. Ҳар як волиди бошуур ақаллан як маротиба бо масъалае дучор гаштааст: чӣ тавр таъомномаи кӯдакро бояд тартиб дод, то ки ба авитаминоз роҳ дода нашавад? Ин масъалаи муҳимро баррасӣ мекунем!

 

Сараввал тавзеҳ медиҳем, ки авитаминоз чист, ва он аз гиповитаминоз бо чӣ фарқ мекунад.

 

Авитаминоз — ин беморӣ аст, ки бо пурра набудани витаминҳои муайян дар организм, масалан, ҳангоми ғизои кам ё ки бесифат вобастагӣ дорад.

 

 

Агар дар аксари ҳолатҳо, мо гиповитаминозро, яъне норасоии витаминҳо ва минералҳоро (аксаран 1-2) дар назар дошта бошем ҳам, вақте ки онҳо ба организм ворид мешаванд, вале дар миқдори кам, ё ки бо кадоме як сабабҳо хуб азхуд намешаванд.

 

Гиповитаминоз кай рушд меёбад?

 

Ҳолатҳои зиёде мавҷуданд, вақте ки дар кӯдак ин ё он витаминҳо дар камбудӣ буда метавонанд:

  1. Зиёдшавии талаботи организм. Фаъолнокии ҷисмонӣ бештар гардид (шуғл бо варзиш), стресс (масалан, вобаста бо сарбории зиёд дар таҳсил);
  2. Хусусиятҳои ғизо. Интихобкунии ғизогии кӯдак, таркиби кимёвии меваҳо ва сабзавотҳо дар минтақаи муайян ва ҳолати экологӣ ва ғайра;
  3. Ҳазм нашудани нутриентҳо. Ба ин бемориҳо ё к ҳолати музмин (масалан, дар аъзои ҳозима) оварда мерасонанд.

 

 

Барои чӣ роҳ надодан ба гипо- ва авитаминоз дар кӯдакон муҳим аст?

  1. Дар муқоиса бо организми одами болиғ, дар кӯдакони хурдсол системаи асаб ба ҷараёни фаъоли муттасили сабткунии иттилооти нав ва ташаккули тавоноиҳо, функсияҳо, малакаҳо танзим гаштааст. Барои ин, албатта, захираҳо лозиманд: макронутриентҳо, витаминҳо ва минералҳо. Камбудии макро- ва микронутриентҳо фаъолияти системаи марказии асаби кӯдакро боз дошта, барои ташаккулёбӣ ва таҳкими бандҳои нейронӣ монеъа шуда метавонад.
  2. Организми кӯдакона бо метаболизм ва суръати баланди реаксияҳои биокимёвӣ фарқ мекунад. Дар вақти фаъолнокӣ ӯ зуд хаста мешавад, вале зуд барқарор мегардад. Мубодилаи энергетикӣ, нафаскашии ҳуҷайрагӣ бо истифола аз ҳаҷми зиёди микро- ва макроэлементҳои ба монанди витаминҳои гурӯҳи В, оҳан, рух, магний, калтсий ва ғайра ба амал бароварда мешаванд. Бештаре аз ин моддаҳо дар организм синтез намешаванд, барои ҳамин онҳоро бо ғизо ҳар рӯз гирифтан лозим аст.
  3. Бо таваллуд ва то синни наврасӣ дар кӯдак расиши масунияти ҳам тавлидӣ, ҳам адаптивӣ давом меёбад. Қобилияти организм барои ҷавоби усутвор ва махсуси масуниятӣ баланд мешавад. Дастгирии саривақтии нутриентӣ (аминотуршиҳо, витамини С, витамини D, витаминҳои гурӯҳи В) кафолат медиҳад, ки механизмҳои муҳофизатии кӯдак хуб рушд меёбанд ва барои босамара аз уҳдаи сироятҳои нисбатан рушдёфтатарин баромадан қодиранд.

 

Вобаста ба дар боло номбаргардидаҳо, риояи муносибати босаводона ва таъмини пурраи организми кӯдак бо микро- ва макроунсурҳои зарурӣ муҳим аст. Дар шароити хусусияти мавсимии ғизо (пастшавии иштиҳо дар пасзаминаи гармии тобистонӣ, норасоии нутриентҳо дар ратсиони зимистона) назорати моддаҳои зарурӣ бояд вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як волид бояд бошад!

 

Витаминҳои зарурӣ барои кӯдакон

 

Барои рушд, афзониши пурра ва саривақтӣ ва дастгирии солимии гирифтани моддаҳои ғизоии кӯдакон хеле муҳим аст.

 

Инро чӣ тавр кардан мумкин аст? Дар навбати аввал, аз парҳези гуногун ва мутаваззуни дорои меваҳо, сабзавот, маҳсулоти ширӣ, гӯшт, моҳӣ ва донагиҳо.

 

Якчанд моддаҳои асосии ғизодиҳанда, ки нақши хусусан муҳимро барои кӯдакон мебошанд, инчунин аломатҳои норасоии онҳо инҳоянд:

 

Витамин A дар рушди бофтаҳои мулоим, пардаҳои луобӣ ва пӯст иштирок мекунад. Дар ташаккули шабакияи чашм нақши муҳим мебозад. Норасоии витамин ба муаммоҳо бо босира, хушкии пӯст, нозукии баланд ба сироятҳо оварда расонида метавонад.

 

Витамини С. Кӯдакон донишдӯст ва фаъоланд, онҳоро аз тамос бо муҳити атроф иҳота кардан имконнопазир аст. Айнан барои ҳамин системаи масунияти организми рушдёфтаистода ба витамини С хеле ниёз дорад.

Норасоии витамини С-ро бо ёрии аломатҳои зерин муайян кардан мумкин аст: зукомҳои зуд-зуд, барқароршавии бади пӯст баъд аз харошҳо ва кабудшавиҳо.

Ба ғайр аз ин, витамини С дар азхудшавии оҳан дар организм иштирок мекунад. Вобаста ба ин, хастагӣ ва хоболудии перманентӣ инчунин оиди норасоии ин нутриентҳо хабар дода метавонанд.

 

Витамини B12, ҳамчун витаминҳои дигари гурӯҳи B (B6, B7), дар ҷараёнҳои мубодилаи энергия нақши муҳим мебозад. Ҳамзамон, он барои рушди майнаи сари кӯдак ва миелинизатсияи нӯгҳои асабҳо зарур аст, ки дар оянда дар рушти функсияҳои когнитивӣ нақши муҳим мебозад. Норасоии витамини B-12 одатан бо сустӣ, зуд хасташавӣ, нафастангӣ, пастшавии мунтазами иштиҳо ҳамроҳӣ мешавад.

 

Витамини D дар саломатии системаи ҳам тавлидӣ, ҳам адаптивӣ нақши муҳим мебозад. Системаи тавлидии масуният аксуламали аввалини организм ба ҳамлаи микроорганизмҳо мебошад, он вақте, ки системаи адаптивии масуният барои ташаккули қобилияти «дар хотир доштани» вирусҳо ва бактерияҳо, ки бо онҳо организм қаблан дучор омада буд, ёрӣ медиҳад.

Витамини D функсияи регуляторро бо муайянкунии азхудшавии калтсий ва фосфор иҷро мекунад, барои ҳамин норасоии он барои рушди чунин ҳолатҳои дуюмдараҷа дар кӯдакон, ба монанди рахит мусоидат мекунад.

 

Дар бораи дефитсити витамини D кадом аломатҳо хабар медиҳанд? Масунияти пастгуда, сустии мушакҳо, бадшавии кайфият.

 

Оҳан. Минерали муҳимтарин, ки дар ҳамаи организмҳои зинда ҳузур дорад ва дар истеҳсоли ҳуҷайраҳои хун (гемоглобин) ва ғанигардии ҳамаи аъзоҳо ва бофтаҳо бо оксиген иштирок мекунад. Оҳан барои рушди муқаррарии майнаи сари кӯдакон зарур аст, сатҳи пасти он бошад, барои ба миён омадани эҳсосоти хастагӣ ва пастшавии консентратсияи диққат мусоидат карда метавонад. Барои ҳамин кӯдакон бо норасоии оҳан дар таҳсил ва фаъолнокии ҷисмонӣ душвориҳоро эҳсос карда метавонанд.

 

Калисий — минерали асосӣ аст, ки дар устухонҳо мавҷуд аст (99%) ва барои рушди зуд дар кӯдакӣ ва ҷамъкунии вазни устухонӣ нисбатан муҳим мебошад.

Баъзе аз аломатҳои норасоии калтсий шахшавии ангуштон, ихтилоҷ, вайроншавии қомат, шикастани нохунҳо, афтидани мӯйҳо, аритмия ва ғайраро дарбар мегиранд.

 

Сафедаҳо блокҳои асосии сохтмони ҳамаи ҳуҷайраҳои бадани мо мебошанд: аз он ҷумла, бофтаи мушакӣ, масуният, пӯст, хун, буғумҳо, туршиҳои нуклеинии ҳомили иттилооти генетикӣ ва ғайра. Ҳангоми норасоии сафедаҳо дар кӯдак устуворӣ ба сироятҳо паст шуда, коркарди ҳормонҳо ва ферментҳои иштироккунанда дар мубодилаи сафедагӣ бад гашта, рушд ва ҷамъкунии вазни мушакӣ суст шуда метавонад.

 

Омега-3 туршиҳои чарбуӣ фаъолнокии майнаи сар аҳмияти муҳим доранд. Норасоии ин туршиҳои чарбуӣ дар растион (хусусан туршии докогексаенӣ) ба консентратсияи диққат, хотира, ҳолати психоэмотсионалӣ таъсири манфӣ расонида метавонанд — хусусан, кӯдак кайфияти худ ва таркишҳои ҳиссиётиро бадтар назорат мекунад, дар ояндаи дур бошад — ба ҳолатҳои депрессивӣ моил мегардад.

 

Хатти кӯдаконаи витаминҳои SOLGAR — ҳалли оптипалӣ дар ҳолатҳое, вақте дастгирӣ кардани организми рушдёфтаистодаи кӯдак лозим аст.

 

Ҷузъҳои табиӣ, биодастрасӣ ва профили баланди бехатарӣ — SOLGAR ҳамаи инро дар маҳсулоти маҷмӯавӣ барои дастгирии босифати саломатии кӯдак муттаҳид мекунад. Бренди касбии SOLGAR витаминҳои дараҷаи премиумро дар давоми бештар аз 77 сол коркард ва истеҳсол мекунад.

 

Ба ғайр аз он, шакли ҷолиб (қиёмакҳо, капсулаҳои мулоим ва ҳабхои хоиданӣ) ва таъмҳои форами нутриентҳо одати қабули витаминҳоро расму русуми ҳаррӯза, бе стресс ва маҷбуркунӣ мегардонад.

 

Бачагии хушбахт бо ғамхорӣ оиди саломатӣ!