Ашёи хоми босифат
SOLGAR таҳвилгарони ашёи хоми беҳтарини табииро аз тамоми ҷаҳон бо такя ба таҷрибаи бисёрсолаи онҳо интихоб мекунад. SOLGAR аз таҳвилгарон пешкашкунии сертификатҳои таҳлилҳоро талаб мекунад, то ки ба аслият ва сифати хуб доштани ашёи хоми таҳвил дода шаванда боварӣ ҳосил намояд.
Маркази илмӣ-тадқиқотӣ
Дастаи олимони SOLGAR бо ҷустуҷӯи моддаҳои нав, муоинаи интишороти илмӣ ва тадқиқоти мубрам фаъолона машғул аст. SOLGAR қисми ҷудонашавандаи тадқиқоти илмӣ мебошад.
Назорати сифат
Лабораторияи худӣ тадқиқоти маҷмуавиро дар марҳилаҳои аввали истеҳсолот, миёна ва дар марҳилаи гирифтани маҳсулоти тайёр гузаронида, бештар аз 130 санҷиши сифатро амалӣ мекунад. Озмоишгоҳи SOLGAR – марҳилаи охирон мебошад, ки ба маҳсулот «бо худ доштани» ёрлиқи тиллоии SOLGAR-ро медиҳад.
Системаи навтарини тозакунии об
Ширкати SOLGAR системаи навтарини тозакунии обро татбиқ мекунад, ки бо принсипи осмоси баръакс амал мекунад, ки барои расидан ба дараҷаи баландтарини тозакунии об имкон медиҳад.
Системаи муосири вентилятсия
Тамоми ҳавои дар биноҳои истеҳсолӣ давр мезанад, тавассути филтрҳои сершумори HEPA, мегузарад, ки 99,9% зарраҳои дар ҳаво бударо боздошт мекунанд.
Тозагӣ
Баъд аз истеҳсолкунии ҳар як баст таҷҳизот пурра ба қисмҳо ҷудо карда шуда, бо воситаҳои тозакунандаи боэҳтиёт, ки ба муҳити атроф зарар намерасонанд, безарар гардонида мешавад.
Сертификати KOSHER
Ширкати SOLGAR – ширкати аввалин, ки барои баъзе аз маҳсулоти он сертификати «KOSHER» гирифта шудааст.
Сертификати Halal
Ширкати SOLGAR ба баъзе маҳсулотҳои худ сертификати «HALAL»дорад.
Капсулаҳои вегетарианӣ
Ширкати SOLGAR – яке аз ду ширкатҳо, ки татбиқкунии капсулаҳои вегетарианиро оғоз кардааст.
Набудани аллергенҳои потенсиалӣ
Мутобиқи Стандарти тиллоӣ™ ширкати SOLGAR аз иловакунии шакар, намак, глютен, ҷузъҳои ширӣ канораҷӯӣ мекунад. Маҳсулоти SOLGAR рангкунандаҳои сунъӣ ва хушбӯйкунанда, ОТГ (ГМО) ва аллергенҳои дигари эҳтимолӣ надорад.
Бандубасти премиалӣ
Маҳсулоти SOLGAR ба зарфҳои шишагини тираранг бандубаст гардидааст, ки бо таври беҳтарин маҳсулотро аз лаппиши ҳарорат, рӯшноӣ ва намӣ муҳофиза мекунанд. Зарфҳои шишагиро дубора коркард кардан мумкин аст.