Туршии фолигӣ

Туршии фолийӣ (витамини B9) витамини дар об ҳалшавандаи гурӯҳи В мебошад.

Норасоии туршии фолийӣ – яке аз гиповитаминозҳои зуд-зуд дучоршаванда мебошад. Туршии фолийӣ дар мубодилаи сафедаҳо, дар ҷараёнҳои рушд ва афзоиш нақши муҳим дорад. Ба мубодилаи чарбу дар ҷигар, мубодилаи холестерин ва як қатор витаминҳо таъсири мусбӣ мерасонад.

Ҷойи махсус ба туршии фолийӣ дар нигоҳдории саломатии занони синну соли репродуктивӣ ҷудо карда мешавад, зеро норасоии он дар вақти ҳомиладорӣ ба таваллуди пеш аз мӯҳлат ва оқибмонии баъдинаи ҷисмонӣ ва ақлии кӯдак оварда расонида метавонад.

Фармакодинамика

Туршии фолӣ дар ҷараёнҳои зиёди мубодилавии дар организм ба амал оянда иштирок мекунад, аз он ҷумла, дар синтези туршиҳои нуклеинӣ, мубодилаи сафедаҳо, ташаккулёбии ҳуҷайраҳои хун.

Қабулкунии туршии фолийӣ дар навбати аввал занон дар марҳилаи ҳомиладорӣ дар семоҳаи якум бо мақсади пешгирии камбудиҳои рушди найчаи асаб дар ҳомила зарур аст.

Шакли барориш
100 ҳабҳо
Тавсияҳо барои татбиқ
Ба калонсолон 1 ҳабӣ дар як рӯз дар вақти хӯрокхӯрӣ
Таркиб
  • Туршии фолийӣ – 400 мкг
Иттилооти иловагӣ
Татбиқ ҳангоми ҳомиладорӣ ва ғизодиҳии пистонӣ:

Қабл аз татбиқкунӣ машварат гирифтан аз духтур тавсия дода мешавад.

Нишондоди зид:

Таҳаммулнопазирии фардӣ ба ҷузъҳо. Қабл аз татбиқкунӣ машварат гирифтан аз духтур тавсия дода мешавад.

Нархи тавсиядодашуда:

100 ҳабҳо:

СТАНДАРТИ ТИЛЛОӢ АЗ СОЛИ 1947

Алалкай 75 сол бренди Solgar барои сифат, саломатӣ ва беҳбудӣ кор мекунад. Миссияи мо – офаридани нутриентҳои дараҷаи премиум аз ашёи хоми беҳтарин, бо бастҳои хурд ва бо талаботи баландтарин ба назорати сифат дар ҳамаи марҳилаҳои истеҳсолот.

 

СТАНДАРТИ ТИЛЛОИИ SOLGAR ДАР ҲАМИН АСТ!

СТАНДАРТИ ТИЛЛОИИ СИФАТРО ПАЙГИРӢ МЕКУНЕМ

Истеҳсолоти илман асоснокгардида

  • Ингридиентҳо аз сарчашмаҳои боэътимод
  • Радкунии ингридиентҳои сунъӣ ва пуркунандагон
  • Истеҳсолоти худӣ дар коргоҳи ягонаи давраи пурра
  • Стандартҳои баландтарини сифат: USP-филтрҳои об, НЕРА-филтрҳои ҳаво