Пиколинати рух

Ҳабҳои «Пиколинати рух» ба сифати сарчашмаи иловагии рух тавсия дода мешавад.

Рух антиоксидант мебошад, барои баландшавии муқовимати организм ба сироятҳо мусоидат мекунад; барои танзимкунии фаъолияти ғадудҳои чарбуӣ, аз уҳдаи яраққоси чарбуӣ ва илтиҳоб дар пӯст баромадан имкон медиҳад; ба афтидани мӯйҳо монеъа мешавад; дар синтези коллаген иштирок мекунад; секретсияи инсулинро пурқувват мекунад; дар ҷараёни сперматогенез иштирок меварзад.

Ҳабҳои «Пиколинати рух» рухро дар шакли органикӣ (хелатӣ) дорад, ки аз тарафи организм ба сабукӣ азхуд гашта, хатари рушди самараҳои дуюмдараҷаро аз ҷониби аъзои ҳозима кам мекунад.

Фармакодинамика

Рух яке аз микроэлементҳои муҳим барои одам аст, ки дар организм синтез намешавад.

Рух барои дастгирии масуният, баландшавии муқовимати организм ба омилҳои беруна, муҳофизаи антиоксидантӣ мусоидат мекунад. Ин минерал дар мубодилаҳои сафедавӣ, углеводӣ иштирок мекунад. Он барои амалкунии муқаррарии системаҳои ҳормоналӣ ва асаб лозим аст.

Қабулкунии иловагии рух барои танзимкунии фаъолияти ғадудҳои чарбуӣ ва пасткунии ялаққоси чарбуӣ дар пӯст имкон медиҳад.

Шакли барориш
100 ҳабҳо
Тавсияҳо барои татбиқ
Ба калонсолон 1 ҳабӣ дар як рӯз дар вақти хӯрокхӯрӣ
Таркиб
  • Рух (пиколинати рух) – 22 мг
Иттилооти иловагӣ
Татбиқ ҳангоми ҳомиладорӣ ва ғизодиҳии пистонӣ:

Қабл аз татбиқкунӣ машварат гирифтан аз духтур тавсия дода мешавад.

Нишондоди зид:

Тоқатнофарсоии фардӣ ба ҷузъҳо, ҳомиладорӣ, ғизодиҳии пистонӣ. Қабл аз татбиқкунӣ машварат гирифтан аз духтур тавсия дода мешавад.

Нархи тавсиядодашуда:

100 ҳабҳо:

СТАНДАРТИ ТИЛЛОӢ АЗ СОЛИ 1947

Алалкай 75 сол бренди Solgar барои сифат, саломатӣ ва беҳбудӣ кор мекунад. Миссияи мо – офаридани нутриентҳои дараҷаи премиум аз ашёи хоми беҳтарин, бо бастҳои хурд ва бо талаботи баландтарин ба назорати сифат дар ҳамаи марҳилаҳои истеҳсолот.

 

СТАНДАРТИ ТИЛЛОИИ SOLGAR ДАР ҲАМИН АСТ!

СТАНДАРТИ ТИЛЛОИИ СИФАТРО ПАЙГИРӢ МЕКУНЕМ

Истеҳсолоти илман асоснокгардида

  • Ингридиентҳо аз сарчашмаҳои боэътимод
  • Радкунии ингридиентҳои сунъӣ ва пуркунандагон
  • Истеҳсолоти худӣ дар коргоҳи ягонаи давраи пурра
  • Стандартҳои баландтарини сифат: USP-филтрҳои об, НЕРА-филтрҳои ҳаво