Ситрати магний

Ҳабҳои «Ситрати магний» ба сифати сарчашмаи иловагии магний тавсия дода мешавад.

Магний омили ягонаи зиддистресии табиӣ мебошад, ки ба организм дар зиддият бо сарбориҳои баландгардидаи эҳсосотӣ ва стресс ёрӣ медиҳад.

Қабули иловагии магний барои камшавии зуд-зудӣ ва шиддатнокии зуҳуроти нимсара, ихтилоҷ дар пойҳо, мӯътадилшавии фишори баландгардидаи артериалӣ мусоидат мекунад.

«Ситрати магний» дар намуди шакли органикӣ (хелатӣ), ки аз ҷониби организм бо сабукӣ азхуд карда мешавад, пешкаш гардидааст.

Фармакодинамика

Магний фишори шараёнро ба меъёро медарорад, кӯтоҳшавии ғайриихтиёронаи мушакҳоро пешгирӣ мекунад, ихтилоҷи рагҳоро мегирад, пайдошавии сангҳои гурдаро пешгирӣ мекунад.

Ҳамзамон, магний омили табиии зиддистрессӣ мебошад, ба ҳолати системаи асаб ҳангоми шиддаи асаб, депрессия таъсири мӯътадилкунанда мерасонад, системаи асабро аз стрессҳои вайронкунанда муҳофиза мекунад.

Шакли барориш
60 ҳабҳо
120 ҳабҳо
Тавсияҳо барои татбиқ
Ба калонсолон 1 ҳабӣ 2 маротиба дар як рӯз дар вақти хӯрокхӯрӣ
Таркиб
  • Магний (ситрати магний) – 200 мг
Иттилооти иловагӣ
Татбиқ ҳангоми ҳомиладорӣ ва ғизодиҳии пистонӣ:

Ба занони ҳомиладор ва маконанда қабл аз татбиқ бо духтур маслиҳат кардан тавсия дода мешавад.

Нишондоди зид:

Таҳаммулнопазирии фардӣ ба ҷузъҳо. Қабл аз татбиқкунӣ машварат гирифтан аз духтур тавсия дода мешавад.

Нархи тавсиядодашуда:

60 ҳабҳо:

120 ҳабҳо:

СТАНДАРТИ ТИЛЛОӢ АЗ СОЛИ 1947

Алалкай 75 сол бренди Solgar барои сифат, саломатӣ ва беҳбудӣ кор мекунад. Миссияи мо – офаридани нутриентҳои дараҷаи премиум аз ашёи хоми беҳтарин, бо бастҳои хурд ва бо талаботи баландтарин ба назорати сифат дар ҳамаи марҳилаҳои истеҳсолот.

 

СТАНДАРТИ ТИЛЛОИИ SOLGAR ДАР ҲАМИН АСТ!

СТАНДАРТИ ТИЛЛОИИ СИФАТРО ПАЙГИРӢ МЕКУНЕМ

Истеҳсолоти илман асоснокгардида

  • Ингридиентҳо аз сарчашмаҳои боэътимод
  • Радкунии ингридиентҳои сунъӣ ва пуркунандагон
  • Истеҳсолоти худӣ дар коргоҳи ягонаи давраи пурра
  • Стандартҳои баландтарини сифат: USP-филтрҳои об, НЕРА-филтрҳои ҳаво